Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сар 1-уми январи соли равон шабакаи телевизиони Туркия канали 6-уми худро барои пахши барномаҳои курдӣ тахсис дод.

Гуфта мешавад, ҳадафи ин тасмими ҳукумати Туркия дарёфти пуштибонии бештар дар миёни қишрҳои мухталифи аҳолии кишвар будааст. Ин амалро таҳлилгарон ҳамчун тағйири зербиноӣ дар сиёсати ҳукумати мамлакат низ арзёбӣ намуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш барои аввалин бор дар таърихи Туркия сарвари ҳукумат Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба суъоли хабарнигорон ба забони курдӣ посух дода буд.

Аслан, сар аз соли 2004-ум телевизиони Туркия пахши барномаи нимсоата ба забони курдиро оғоз намуда буд, ки коршиносон онро ҳамчун посух ба тақозоҳои Иттиҳодияи Аврупо перомуни эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳо дар кишвар баррасӣ мекарданд. Мустафо Окйул, шореҳи сиёсии Туркия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ибрози хушӣ кард, ки ҳукумат хатоҳояшро дарк намуда, дар пайи ислоҳи он аст: «Муддате, ба вижа дар даврони раҳбарии ҳизби «Адолат ва тараққиёт», ҳамчунон ба шарофати кӯшишҳои вуруди Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо ҳукумати ин кишвар сиёсаташ дар қиболи шаҳрвандони курдтаборро тағйир дод. Ташкили канали курдзабони ТРТ иқдоми муҳим аст. 10 сол пеш касе чунин иқдомро тасаввур карда наметавонист. Ҳоло курдҳои зиёд аз дидани чунин телевизион хушҳоланд».

15 миллион курдзабонони Туркия 20% аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Онҳо асосан дар манотиқи шарқӣ ва ҷанубу шарқии назди марзи Туркия бо Эрон, Ироқ ва Сурия ба сар мебаранд.

Феълан телевизиони курдзабони «Рой», ки барномаҳояшро аз Дания пахш мекунад, дар миёни аҳолии курдзабон бинандаи аз ҳама зиёд дорад. Мақомоти Туркия онро «сухангӯи ҳизби коргари Курдистон» меноманд. Ин ҳизб, ки аз соли 1984 ба ин тараф баҳри мухторияти Курдистон мубориза мебарад, аз тарафи Анкара, Вашингтон ва Иттиҳодияи Аврупо созмони террористӣ унвон гирифтааст.

Ба гуфти Окйул, телевизиони курдии Туркия бояд ба шабакаҳои телевизионии миллатгароҳои курд мухолифат намуда, ба бинандагонаш паёми ваҳдат фиристад. Ин шореҳи турк меафзояд: «Ҳоло шумораи расонаҳои хабарӣ хеле зиёд шудааст. Шумори ҳарчи бештари мардум маълумот дошта, ба олами беруна иртибот гирифтаанд.Ҷомиъаи Туркия мухталиф аст ва давлат мехоҳад ба воқеъият рӯ орад. Қабл аз ҳама, ҳукумат мехоҳад дили шаҳрвандони курдро ба даст орад, ва шояд мехоҳад нишон диҳад, ки воқиъан демократӣ мебошад».

Дар ҳамин ҳол, баъзе ҳизбҳои сиёсии Туркия, аз ҷумла ҳизби ҷомиъаи демократӣ, ки баҳри мухторияти курдҳо талош дорад, аз ширкат дар маросими кушоиши ин шабакаи телевизионӣ худдорӣ варзиданд. Раҳбари ин ҳизб Аҳмад Турк мегӯяд: «Мо муроқибат хоҳем кард, ки ҳадаф аслии ин иқдом чист ва он воқиъан ҷавобгӯӣ ба ниёзмандиҳои мардуми курд аст ва ё як ҳилаи пешазинтихоботӣ?»

XS
SM
MD
LG