Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико хостори оташбас дар Навори Ғазза шуд


Вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс мегӯяд, Вошингтон аз авзоъ дар Ховари Миёна хеле нигарон аст ва талош дорад, ҳарчӣ зудтар ба як оташбаси пойдор дар Ғазза даст ёбад. Вай Ҳамосро айбдор кард, ки аз табаддулоташ алайҳи президенти қонунии фаластиниҳо Маҳмуд Аббос ба ин сӯ мардуми Ғаззаро ба гаравгон табдил додааст. Хонуми Раӣс мегӯяд, "мо барои як оташбасе талош мекунем, ки ба эҳёи статус квои гузашта роҳ надиҳад, яъне ба ҳолате ки Ҳамас битавонад аз Ғазза мушакпаронӣ кунад." Вай гуфт, оташбас бояд ҳаддалимкон зудтар ба даст ояд ва дарозмуддату устувор бошад. Изҳороти Раӣс дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Навори Ғазза идома доранд ва дар яке аз онҳо, тибқи хабарҳо се додару бародари хурдсоле ҳангоми бозӣ дар берун кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG