Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо аз ҳамлаи Исроил ба Навори Ғазза


Зери шиори "Рӯзи хашм" ҳазорон нафар аз фаластиниҳо имрӯз дар шаҳри Ромуллоҳи Каронаи Бохтарии Рӯди Урдун бар зидди ҳамлаи Исроил ба Навори Ғазза тазоҳурот барпо карданд. Намоишҳои ҳамраъйӣ бо фаластиниҳо инчунин дар чандин кишвар, монанди Туркия, Эрон, Русия ва ғайра ҷараён гирифт. Дар Ҳироти Афғонистон садҳо нафар ба хиёбонҳо баромаданд. Мӯътаризон шиорҳои зидди Исроил заданд ва парчами ин кишварро ба оташ кшаиданд. Инчунин дар Дакка, пойтахти Бангаладеш ҳазорон нафар дар назди масҷиди ҷомеъ гирдиҳамоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG