Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус арзиши пули миллияшро 20% кам кард


Бонки марказии Беларус арзиши пули миллии ин кишварро 20 дарсад кам кард. Гуфта мешавад, поин овардани қурби рубли беларусӣ "рақобатпазирии иқтисодиёти Беларусро афзоиш хоҳад дод." Дар ҳоле ки як доллари амрикоӣ ба 2 200 рубли беларусӣ баробар буд, акнун 2 650 рубл баробар мебошад. Тасмим пас аз ду рӯзи тасвиби қарзи Сандуқи Байнулмилалии Пул ба Беларус гирифта шуд, ки бо дуним миллиард доллар мехоҳад таъсири бӯҳрони ҷаҳониро ба Минск коҳиш диҳад. Талаботи ба моли содиротии Беларус кам шуда, бонкҳо аз дастрасӣ ба пул бо сабаби бӯҳрон маҳрум гаштаанд.
XS
SM
MD
LG