Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати нави ИА ба баҳси Русияву Укроин шарик намешавад


Ҷумҳурии Чех, ки рӯзи панҷшанбе раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш гирифт, мегӯяд, моҷарои газ миёни Укроин ва Русия мушкили ин ду тараф аст. Сухангӯи Иттиҳоди Аврупо Иржӣ Потузник гуфт, то замоне ки интиқоли гази Русия ба Аврупо аз тариқи Укроин бетағйир мемонад, кишвараш ба баҳс шарик нахоҳад шуд. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, як ҳайат аз Украина аз мақомоти чех дар Праг дархост кард, дар кашокаш бо Маскав аз Киев пуштибонӣ кунад. Моҷаро замоне авҷ гирифт, ки гуфтушуниди Русия ва Укроин дар арафаи соли нав дар бораи нархи газ ва вомҳои Киев ба нокомӣ поён ёфт.
XS
SM
MD
LG