Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ


Ҳазорон нафар аз фаластиниҳо имрӯз дар шаҳри Ромуллоҳи Каронаи Бохтарии рӯди Урдун бар зидди ҳамлаи Исроил ба Навори Ғазза тазоҳурот барпо карданд. Дар авҷи фишори байнулмилалӣ Исроил нерӯ ва тонкҳояшро дар марзи Навори Ғазза гирд овардааст ва ба ҳамлаҳи эҳтимолии заминӣ омодагӣ мегирад. Вазири умури хориҷии Исроил Тзипӣ Ливнӣ гуфт, кишвараш мақсад дорад, ҳамларо то замоне идома диҳад, ки мусаллаҳони Ҳамас мушакпаронӣ ба Исроилро қатъ кунанд. Амалиёти Исроил дар Навори Ғазза, тибқи хабарҳо, зиёда аз 400 кушта ба ҷой гузошт. Созмони Милал ҳадс мезанад, ки наздик ба 25 дарсади кушташудагон аз аҳолии осоишта мебошанд.
XS
SM
MD
LG