Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфта мешавад, ҷинояткорӣ дар ИДМ коҳиш ёфтааст


Кумитаи байнидавлатии омор мегӯяд, ҷинояткорӣ дар кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ дар соли 2008 аз рӯи сабти ин давлатҳо 11 дарсад коҳиш ёфтааст. Коҳиши бештар дар Беларус -- 13 ва дар Русия 11 дарсад буда, дар Тоҷикистон ва Укроин 4 дарсадро ташкил додааст. Дар айни замон дар Озарбойҷон афзоиши ҷинояткорӣ -- 14 дарсад зиёд шуда, дар Арманистон 5, дар Қирғизистону Молдова 2 ва дар Қазоқистон 1 дарсад болоравии сатҳи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аксари ҷиноятҳо аз дуздию ғорат ва қочоқи маводи мухадди иборат будаанд. Бо вуҷуди эълони коҳиши ҷинояткорӣ дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон аз қатлҳои ваҳшиёнаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия такон хӯрдаанд ва нахустин бор сарбурии як муҳоҷири тоҷик дар Маскав сабаби баҳси дипломатӣ гаштааст.
XS
SM
MD
LG