Пайвандҳои дастрасӣ

Русия пас аз бӯҳрон боз ба муҳоҷирон ниёз хоҳад дошт


Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, пас аз поёни бӯҳрони молиявӣ муҳоҷирон ба иқтисодиёти Русия аз нав зарур хоҳанд шуд. Раиси ин ниҳод, Константин Ромодановский гуфт, ҳоло бо сабаби бӯҳрон саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Русия ба 3 миллиону 900 ҳазор нафар коҳишт дода шуд. Аммо итмоми бӯҳрон дубора иқтисодиёти Русияро ба нерӯи кори хориҷӣ мӯҳтоҷ хоҳад кард. Вай афзуд, ҳамзамон назорат ба вуруди муҳоҷирон ба қаламрави Русия сахттар хоҳад шуд. "Мо талош хоҳем кард, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ, махсусан аз кишварҳои муштаракулманофеъ, ки назорат бар ҳаракати онҳо дар ҳудуди Русия душвор аст, ҳарчӣ камтар бошанд," гуфт Ромодановский ва ишора кард, ки дар соли 2008 Русия ба 2 миллион нафар иҷозаи расмии кор дод ва ҷаримаи кори ғайриқонунӣ дар Русия 6 миллиард рублро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG