Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо аз сарнавишти маҳбусони собиқи Гуантанамо


Австралиё мегӯяд, даргумон аст, озодшудагони маҳбаси Гуантанаморо ба қаламрави худ роҳ диҳад. Аммо ноиби сарвазири Австралиё, Ҷулия Ҷиллард гуфт, дархости Амрико дар ин бора мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Тибқи хабарҳо, мақомоти Амрико ҳамчунин ба Бритониё ва ҳукуматҳои дигари Аврупо муроҷиат кардаанд, ки маҳбусони Гуантанаморо қабул кунанд, то имконияти бастани ин маҳбас ба миён ояд. Ба навиштаи рӯзномаи "Таймс", мақомоти бритониёӣ дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъала ҳастанд, то маҳбусони собиқи Гуантанаморо бипазиранд. Чунин маҳбусон дар бархе аз кишварҳо муҳокима ва ба мӯҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Ҳоло дар Гуантанамо наздик ба 255 маҳбус боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG