Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон дар соли 2009 гази худро ба Тоҷикистон бо 240 долларӣ хоҳад фурӯхт.

Шаби 31-уми декабр дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, намояндагони ширкати «Тоҷикгаз» ва намояндагони ширкати «Узтрансгаз»-и Узбакистон қарордодро дар мавриди қимати газ ба имзо расониданд.

Фатҳидин Муҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз», дар гуфтугу бо радиои Озодӣ гуфт, гуфтушунидҳо тулонӣ ва мушкил буд ва қимате, ки Узбакистон барои гази худ таъин кардааст, барои мо гарон аст, вале мо дигар чорае надорем.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон то кунун ҳар ҳазор метри мукааб гази Узбакистонро бо қимати 145 доллари амрикоӣ харидорӣ мекард ва мақомати Узбакистон ба ҷониби Тоҷикистон қабл аз фарорасии соли нави мелодӣ гуфта буд, сар аз соли оянда қимати гази табиӣ ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Тасмими Узбакистон дар мавриди боло бурдани қимати газ дар замоне сурат гирифт, ки Русия яке - аз кишварҳои аслии содиркунандаи газ ба бозорҳои ҷаҳонӣ қимати гази худро боло бурд. Далели дигари боло бурдани қимати газ дар Узбакистон ин аст, ки худи Узбакистон гази худро ба Русия мефурушад. Ин дар ҳолест, ки боло бурдани қимати газ аз сӯи Русия ба Аврупоро кишварҳои ғарбӣ як навъ фишор аз сӯи Русия ба ин минтақа хонданд.

Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси минтақа, Узбакистон низ гази табии худро ба унвони фишор ба кишварҳои ҳамсоя истифода мебарад. Вай гуфт, вақте Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз Узбакистон вобастагӣ доранд, албатта бо дарназардошти нарху навои газ дар ҷаҳони муъосир ва он мушкилоте, ки миёни Украина ва Русия ҳаст, камтар бошад ҳам вале ба ҳар сурат Узбакистон лозим донист, ки ин нархро муқарар кунад ва ҳамин нарх ба манфиати милии Узбакистон ҷавобгӯй мебошад.

Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов Узбакистон хуб дарк мекунад, ки ҷониби Қирғизистон ва Тоҷикистон аз нагирифтани газ худдорӣ мекунанд ва маҷбуранд, ки газро бихаранд. Ахиран ҳукумати Узбакистон ба ҳамин тариқ кушиш мекунад, ки аз ин давлат вобаста будани давлатҳои дигари Осиёи Марказиро нишон диҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан Узбакистон ба далели сари вақт напардохтани пули газ интиқоли газашро ба Тоҷикистон 30 дарсад коҳиш дода буд.

Шавкат Шоимов, муъовини раиси ширкати "Тоҷикгаз", гуфт, ба сабаби саривақт напардохтани пули газ аз сӯйи бархе аз корхонаҳои азими Тоҷикистон мо ҳоло имкони пардохти қарзҳои Узбакистонро надорем. Вай афзуд, маркази гармидиҳии Душанбе ба маблағи ҳудуди 7 миллион доллар ва корхонаи "Тоҷиксемент" ба маблағи беш аз 1 миллион доллар гази "Тоҷикгаз" –ро истифода карда, пулашро пардохт накардаанд. Ба гуфтаи вай, ҳоло ин ширкат барои истифода аз газ аз Узбакистон ҳудуди 12 миллион доллар қарздор будааст ва аз ин сабаб Узбакистон ба Тоҷикистон 130 миллион метри мукааб газ кам ворид шудааст.

Узбакистон ҳар сол бо далели афзоиши нархи газ дар бозори ҷаҳонӣ қиммати гази содиротии худро афзоиш медиҳад. Дар соли 2006 Тоҷикистон 1000 метри мукаааб газро аз ин кишвар бо қиммати 55 доллари амрикоӣ, соли 2007 - 100 доллар ва соли сипаришавандаи 2008 - 145 доллар харидорӣ кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG