Пайвандҳои дастрасӣ

Украина як бахши қарзи "Газпром"-ро пардохт кард


Юлия Тимошенко, сарвазири Украина имрӯз барои музокирот бо мақомоти Русия оид ба мушкили газ вориди Маскав хоҳад шуд. Ба иттилоъи сафорати Украина дар Русия, сарвазирро дар ин сафар вазири маводи сӯхт ва энерҷии кишвар Юрий Продан ҳамроҳӣ хоҳад кард. Бегаҳи дирӯз Киев изҳор намуд, ки якуним миллиард доллар қарз барои истифодаи гази Русия дар ду моҳи ахирро пардохт кардааст. Ва аммо мақомоти Русия ин иттилоъро расман тайид накардаанд.

Дирӯз ширкати "Газпром"-и Русия ҳушдор дода буд, ки дар сурати напардохтани қарз аз сӯи Украина шурӯъ аз якуми январ интиқоли газ ба ин кишварро қатъ мекунад. Раиси ширкат Алексей Миллер гуфт, ки аз соли нав қимати газ барои Украина 418 доллар барои ҳазор метри мукааб муқаррар шудааст. Имрӯз Киев гази Русияро бо қимати тақрибан ду баробар арзонтар харидорӣ мекунад. Ба иттилоъи "Газпром", айни ҳол Украина аз ин ширкат беш аз 2 миллиард доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG