Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор дукони китобфурӯшӣ ба коми оташ рафт


Субҳи имрӯз яку якбора чаҳор дукони растаи китобфурӯшӣ воқеъ дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ба коми оташ фурӯ рафт. Соҳибони ин дуконҳо дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст ва касе ҳам дар пайи муқаррар кардани хисороти ба онҳо воридшуда ҳам нест.

Гуфта мешавад, ки соҳиби дуконҳо чанд рӯз боз мавриди таъқиби кормандони умури дохила қарор доштанд, ки аз онҳо тарки ин мавзеъро талаб мекарданд. Як рӯз пеш дукондорҳо дар бораи таъқиби кормандони милиса расман ба шаҳрдории Қӯрғонтеппа шиква карда буданд.

XS
SM
MD
LG