Пайвандҳои дастрасӣ

Исломобод хостори коҳиши шиддати вазъ бо Деҳлӣ шуд


Мақомоти Покистон аз Ҳиндустони ҳамсоя даъват карданд, ки ба коҳиши шиддати авзоъ миёни ду кишвар мусоидат намояд. Маҳмуд Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон имрӯз изҳор намуд, ки “тавассути фишор вазъи сангинро метавон фақат сангинтар кард”. Баъд аз ҳамлаи гурӯҳи террористони муқими Покистон ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар як моҳи пеш муносибати миёни ду кишвар бадтар шуд ва Исломободу Деҳлӣ артишҳои худро дар ҳоли омодабош қарор доданд.

Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ки дар ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористон дар шаҳри Мумбай 10 мусаллаҳи гурӯҳи “Лашкари Тайиба” ширкат доштанд. Дар ин ҳамла беш аз 170 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти Покистон бо баргузории як амалиёти вижа бархе аз муҷримони ҳодисаро боздошт карданд ва аммо аз иҷрои талаби Деҳлӣ барои истирдоди онҳо ба Ҳиндустон сарпечӣ карданд.
XS
SM
MD
LG