Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷефри Гедмин аз тасмими Боку интиқод кард


Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аз тасмими мақомоти Озарбойҷон дар робита ба қатъи пахши барномаҳои радиоҳои хориҷӣ дар ин кишвари қафқозӣ интиқод кард. Имрӯз Шӯрои миллии Озарбойҷон оид ба радио ва телевизион дар бораи қатъи пахши барномаҳои радиоҳои хориҷӣ дар Озарбойҷон шурӯъ аз якуми январи соли 2009 тасмим гирифт Ба ин тариқ, аз соли нав пахши барномаҳои Би-Би-Си, “Садои Амрико” ва бахши озарии Радиои Озодӣ дар қаламрави Озарбойҷон қатъ хоҳад шуд. Ҷефрӣ Гедмин мегӯяд, ки мардуми Озарбойҷон аз як манбаъи ахбори мустақилу дақиқ маҳрум хоҳанд шуд:

"Ин басо андӯҳовар аст ва ба вижа, барои мардуми Озарбойҷон. Моро дар ин кишвар чун манбаъи ахбори мустақил, мутмаин ва дақиқ мешиносанд. Тасмим дар бораи берун кардани мо аз амвоҷ, ҳамроҳ бо "Садои Амрико" ва Би-Би-Си, маънии онро дорад, ки мардуми кишвар аз як манбаъи муҳими хабарӣ маҳрум мешаванд, аз манбае, ки барои ширкати фаъоли онҳо дар ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ зарур аст".

Коршиносон тасмими Боку барои қатъи пахши барномаҳои радиоҳои хориҷиро бо идомаи ҳамла ба озодии баён дар Озарбойҷон марбут мекунанд.

XS
SM
MD
LG