Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши инфиҷору одамрабоӣ дар Афғонистон


Соли 2008-ум дар Афғонистон шумораи таркишу одамрабоӣ ду карат афзоиш ёфтааст. Вилям Вуд, сафири ИМА дар Кобул изҳор намуд, ки имсол дар Афғонистон ду ҳазор инфиҷор ва 300 ҳодисаи одамрабоӣ рух додаааст. Ҳамзамон дипломати воломақоми амрикоӣ аз комёбиҳо дар самти мубориза бо парваришу қочоқи маводи мухаддир ёдовар шуд ва аз ҷумла гуфт, ки соли равон аз панҷ як ҳиссаи майдони кишти хашхош дар Афғонистон аз байн бурда шудааст.Ӯ афзуд, ки соли 2008-ум барои Афғонистон "соли хуб ва аммо ҳамчунин соли сангин буд".

XS
SM
MD
LG