Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба хабарнигори мухолиф дар Алма-Ато


Дар шаҳри Алма-Ато бегаҳи рӯзи душанбе афроди ношинос ба бадани хабарнигори нашрияи мухолифин "Тасҷарган" Артем Миусов чанд корд заданд. Ба иттилоъи "Интерфакс", хабарнигор дар вазъи сангин ба бемористон интиқол дода шуд ва ба гуфтаи табибон, зарби корд то ба ҷигар ва шуши ӯ расидааст.

Идораи нашрияи "Тасҷарган" изҳор намуд, ки то ба худ омадани Артем Миусов аз ташреҳи ҳодиса худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG