Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори охирини "Газпром" ба Украина


Ширкати "Газпром"-и Русия тайид кард, ки дар сурати напардохтани қарз аз сӯи Украина аз соли нав интиқоли газ ба ин кишварро қатъ мекунад. Раиси ширкат Алексей Миллер изҳор намуд, ки қатъи интиқоли газ баъди чанд соат сурат хоҳад гирифт. Ба гуфтаи ӯ, шурӯъ аз 1 январи соли 2009 қимати газ барои Украина 418 доллар барои ҳазор метри мукааб муқаррар шудааст. Имрӯз Киев гази Русияро бо қимати тақрибан ду баробар арзонтар харидорӣ мекунад. "Газпром" эълом дошт, ки айни ҳол Украина аз ин ширкати русӣ беш аз 2 миллиард доллар қарздор аст.
Имрӯз дар Маскав даври навбатии музокирот миёни Русияву Украина барои ҳалли ин мушкил баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG