Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ағбаи Хайбар амалиёти нави низомӣ шурӯъ шуд


Низомиёни Покистон дар ағбаи Хайбар амалиёти густардаи низомӣ алайҳи мусаллаҳонеро шурӯъ карданд, ки ба корвони мошинҳои ҳомили бор барои нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон муттасил ҳамла мекунанд. Тариқ Ҳаёт, раҳбари минтақаи Хайбар гуфт, ки дар амалиёт нерӯҳои пиёданизом, чархболҳои низомӣ ва тупхона ширкат доранд. Ӯ афзуд, шоҳроҳе, ки шаҳри Пешоварро бо шаҳраки марзии Торхам мепайвандад, аз сӯи низомиён баста шудааст.

XS
SM
MD
LG