Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар мақоми болотарин миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтани Тоҷикистон дар гузориши солонаи созмони «Хабарнигорони бидуни марз» оид ба сатҳи озодии матбуот, шояд аз муҳимтарин дастовардҳо ё арзёбиҳои журналистикаи тоҷик дар соли 2008-ум бошад.

Озодии матбуот ва матбуоти озод

Дар моҳи октябр гузориши созмони «Хабарнигорони бидуни марз», ки як созмони бонуфузи байнулмилалист, ба нашр расид ва Тоҷикистон дар байни 173 кишвари ҷаҳон дар мақоми 106-ум қарор гирифтааст, ки дар қиёс бо як соли пеш 9 зина болотар аст.

Ва аммо ба зиндон кашида шудани ду хабарнигори тоҷик дар вилояти Суғд, мушкили дарёфти муҷаввизи фаъолият барои расонаҳои мустақили электронӣ, қабули қонун дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ки дар роҳи рушди расонаҳои хабарӣ усулан мавонеъ эҷод мекунад, осебпазирии амнияти иттилоотии Тоҷикистон, ба манзури пахши намоишҳои шабакаҳои телевизионии кишварҳои ҳамсоя дар навоҳии ҳамсарҳади Тоҷикистон, набуди чопхонаҳои муосиру пуриқтидор дар манотиқи кишвар, адами рўзномаҳои даврӣ ва эҷоди маҳдудиятҳо аз сўйи мақомоти давлатӣ дар кори хабарнигорон ҳамоно аз мушкилоти аслии журналистикаи тоҷик боқӣ мемонад.

Коршиносон ва муҳаққиқони журнализм мегўянд, имсол ҳам ба сурати умум васоити иттилооти ҳамагонӣ таҳти контроли давлат қарор дошт, мақомоти Тоҷикистон чандин радиоҳои ҷамъиятиро муҷаввиз надод, то ба фаъолият шурўъ кунанд, на ҳама нашрияҳои чопӣ аз сабтиноми такрории вазорати фарҳанг гузаштанд. Аз миёни 300 ҳафтаномае, ки қаблан иҷозатномаи нашр доштанд, дар вазорати фарҳанг чизе беш аз 140 нашрия дубора ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Ҳамчунин 55 маҷалла ва 5 оҷонсии иттилоотӣ ҳам тавонистистанд такронан сабтином шаванд.

Ҳангомаи Исмат, журналисти мустақил, мегӯяд, бо назардошти қонунгузории Тоҷикистон, мешавад гуфт, ки расонаҳои хабарӣ аз ҷониби давлат ба таври расмӣ контрол намешаванд, аммо амалан, авзоъ чунин нест. Назорати сиёсӣ ва пасипардагии давлат аз болои воситаҳои ахбори ҳамагонӣ ба ҳар ҳол ҷой дорад.

Чаро Тоҷикистони мустақил соҳиби рўзномаи ҳаррўза нест?


Тоҷикистон шояд ягона кишвар дар миёни кишварҳои пасошўравӣ бошад, ки дорои рўзнома нест. Ба иддаои коршиносон, ҷуз мушкилоти моддӣ, чанд омили дигар вуҷуд дорад, ки таъсиси рўзномаҳои ҳаррўза дар Тоҷикистонро номумкин мегардонад. Аз он миён, набудани системаи муназзами тақсимоти нашрияҳо, яъне адами алтернативаи «Почтаи тоҷик», нарасидани кадрҳои соҳибкасб, яъне алтернативаи факултаҳои журналистии давлатӣ ва омўзгорони лаёқатманд барои тарбияи навраҳони эҷод ва ниҳоят, имкониятҳои заифи мардум барои харидории рўзномаҳои ҳаррўза.

Эҳсоси хатар ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон

Аз сўи дигар, таҳлилгарон имсол бештар рўйи он ҳарф мезаданд, ки амнияти иттилоотии кишвар зери хатар аст. Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бо иллати набуди қувваи барқ ва фиристандаҳои қавии мавҷи шабакаҳои телевизиони давлатӣ, бархе аз навоҳии кишвар зери таъсири расонаҳои иттилоотии Қирғизистону Узбакистон ва Қазоқистон мондаанд.

Ва аммо мақомот имкон намедиҳанд, ки дар манотиқи ҳамсарҳад бо Узбакистону Қирғизистону Афғонистон радиоҳои мустақили тоҷикӣ ба кор андохта шаванд.

Тасвиби қонуне, ки иттилоотро пулакӣ кард

Рўйдоди дигари хотирмон барои журналистони тоҷик дар соли 2008-ум ин буд, ки дар пешорўи Рўзи ҷаҳонии озодии матбуот порлумони Тоҷикистон қонуни нав «Оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»-ро ба тасвиб расонид. Сароғоз қабули чунин қонун ҷомеаи журналистиро шод кард, аммо ин шодӣ дер давом накард.

Пас аз шиносоӣ бо матни қонун, журналистон дарк карданд, ки он дастрасӣ ба ахборро беҳтар не, балки бадтар мекардааст. Бар асоси қонуни нав, мақомоти давлатӣ метавонанд дархости шаҳрвандонро барои гирифтани иттилоъи лозим дар мўҳлати аз 30 то 45 рўз иҷро кунанд. Ва ҳамчунин қонуни нав мегўяд, ки хароҷоти таҳия ва пешниҳоди хабар бояд ба мақомот пардохт шавад. Зимнан, созмонҳои журналистӣ аз ҳукумат ва порлумони кишвар тақозои ислоҳ ва такмили қонуни мазкурро карданд.

Мушкили дарёфти муҷаввиз

Созмонҳои журналистӣ имсол ҳамчунин аз Кумиссиюни муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Тоҷикистон шадидан интиқод карданд. Масъулони чунин созмонҳо ва расонаҳои хабарӣ Кумиссиюни муҷаввиздиҳиро монеа ва мушкили аслӣ дар роҳи густариши кори шабакаҳои мустақили радиоӣ ва телевизионӣ дар кишвар арзёбӣ мекунанд, зеро, ба иддаои онҳо, кумиссиюни мазкур сиёсати тарҳрезишуда ва ё барномаи муайяне дар ин робита надорад.

Радиои «Насими Вахш»-и Қўрғонтеппа яке аз он расонаҳост, ки аз кори Кумиссиюни муҷаввиздиҳӣ норозист. Хуршед Сафаров, сарвари радиои мазкур, ки расман номнавис шуда, аммо муҷаввиз гирифта наметавонад, мегўяд, онҳо ҳама талаботи расмию ғайрирасмии масъулини Кумиссиюнро иҷро кардаанд, санадҳои радиоро чандин маротиб барои гирифтани муҷаввиз пешниҳод кардаанд, аммо ба ҳар баҳона дархости онҳо рад шуд.

Парвандаҳо ва судҳо алайҳи журналистон

Соли 2008-ум кори бархе аз журналистон то ба додгоҳ низ расид. Гарчанде дар моҳи январ қазияи хабарнигорони нашрияи ҳоло тавқифшудаи «Овоза» бо овозхон Райҳона Раҳимова бо мусолиҳа анҷомид, давоми сол дар Суғд ду хабарнигорро ба маҳкама кашиданд. Яке аз ин ду нафар Равшан Қосимов, журналисти мустақил аст, ки танҳо бо иттиҳоми насби асбоби иловагии газ бидуни ҳисобкунак дар манзилаш, 6 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум гардида, якуним ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима супурдааст.

Ва аммо имсол додситони кулли Тоҷикистон журналисти дигари тоҷик Додоҷони Атовуллоро «террористи иттилоотӣ» номида, гуфт, ки алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, ўро дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд. Вале додситонии кулли Русия дар посух гуфтааст, ҳанўз дар соли 2001-ум ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳабс ва истирдоди сардабири "Чароғи рўз" Додоҷони Атовулло посухи рад додааст.

Фаъолияти ғайриқонунии нашрияҳои ҳукуматӣ дар Хатлон

Соли 2008-ум идораи адлияи вилояти Хатлон бо пахши як баёния гуфт, ки беш аз 50 дар сади нашрияҳои даврии ҷануби Тоҷикистон ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Саодат Амиршоева, сардори собиқи идораи адлияи Хатлон, гуфта буд, кулли нашрияҳое, ки бидуни сабтином дар шаҳру навоҳии Хатлон амал мекунанд, нашрияҳои ҳукуматиянд ва сарфи назар аз таъкидҳои Идораи адлия, ноширон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар сабтиноми рўзномаю ҳафтаномаҳояшон саҳлангорӣ мекунанд.

Ва ҳамчунин…

Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ҳамчунин дар соли 2008-ум аз реҳлати рўзноманигорони маъруфи кишвар Мирзоҳаёт Давлатов, раиси собиқи Иттиҳоди журналистон ва Мирзои Саттор, журналисти муҳоҷири тоҷик, ки дар Ёқутистони Русия кушта шуд, ҳамчунин аз пайдоиш ва нашри ҳафтаномаҳои мустақили «Ҷомеа» ва «СССР», чопи якумин нашрияҳои сирф мазҳабӣ дар Тоҷикистон бо номи «Асолат» ва «Рисолат», аз набуди ҳайраъйӣ дар миёни журналистон ва расонаҳои хабарӣ бештар ба ёд дорад ва дар ин бора сўҳбат мекард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG