Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар ноҳияи Панҷ бо зарби табар се кудакро кушт


Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Мамадрасул Давронов -сокини 49 солаи деҳи Сомонӣ 3 фарзанди ҳамсояашро бо зарби табар ба қатл расондааст. Давронов бо табар пинҳонӣ ба хонаи ҳамсояаш Ҷумъа Сафаров ворид мешавад ва кудакони дар ҳолати хобро бо табар мезанад. Падари онҳо Ҷумъахон Сафаров дар муҳоҷирати корӣ дар Руссия ба сар мебарад. Хабарнигори радиои Озодӣ дар вилояти Хатлон мегуяд, Давронов баъд аз ин ҷиноят ба хонаи худ бармегардад ва бо корд ба занаш Раҷабгул Давронова ҳамла мекунад. Занаш бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол дода мешавад. Мамадрасул Давронов бо се зарби корд ба шикамаш худкушӣ мекунад. Расидагӣ ба ин куштор идома дорад.
XS
SM
MD
LG