Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Бӯҳрон миёни иқтисоди Русияро нашикастааст


Бӯҳрони сартосарии молӣ ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ гузоштааст. Дар ин бора сарвазири ин кишвар Владимир Путин дар нишасти ҳукумат оид ба ҷамъбасти сол хабар дод. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки бо вуҷуди нокомиҳо дар семоҳаи ахир, дар маҷмӯъ нишондодҳои солонаи иқтисодӣ ва иҷтимоии Русия мусбат боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи расмӣ, моҳи декабр теъдоди бекорон дар Русия ба як миллиону 454 ҳазор нафар расид. Имрӯз муовини сарвазир Александр Жуков хабар дод, ки ҳафтаи ахир шумораи бекорон дар кишвар 4 дар сад афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин тақрибан 10 ҳазор корхонаву муассисаи Русия эълом доштанд, ки дар ду моҳи аввали соли оянда беш аз 270 ҳазор кормандонашонро ихтисор хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG