Пайвандҳои дастрасӣ

Ким Чен Ир собит кард, ки ҳанӯз зинда аст


Ким Чен Ир, раҳбари Ҷумҳурии Халқӣ-демократии Корея барои нахустин бор шурӯъ аз моҳи августи соли равон дар назди издиҳоми мардум зуҳур кард. Ба иттилоъи хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ, ӯ барои тамошои консерт омад ва аз сӯи мардум бо кафкубиҳои зиёд истиқбол шуд. Ва аммо хабаргузорӣ дар мавриди он ки консерт кай ва дар куҷо баргузор шудааст, иттилоъ надодааст.

Шурӯъ аз миёнаҳои моҳи август раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир боре ҳам дар чорабиниҳои пуриздиҳом ширкат надошт ва бо ҳамин далел бархе хабаргузориҳо ҳадс заданд, ки ӯ аз олам даргузаштааст.

XS
SM
MD
LG