Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳимтарин ҳодисаҳои 2008


Хушксолӣ ва таъсири бўҳрони озуқа ба рўзгори мардум, мавриди истифода қарор гирифтани се агрегати нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1», ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизови 20-солаи шаҳритусӣ дар Русия, амалиёти боздошти Сўҳроб Лангариев, додари Лангарӣ Лангариев ва ҳамраҳонаш дар Кўлоб, хуруҷи бемории домана дар навоҳии водии Вахш, пешниҳоди прокуратураи Хатлон барои манъи ҷараёни Салафия, радди дархости шаҳрвандони давлати Чин барои издивоҷи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Қўрғонтеппаро метавон аз таҳаввулоти бештар хотирмони вилояти Хатлон дар соли 2008-ум унвон кард.

Зимистони қаҳратун
Зимистони гузашта ғайриинтизор бисёр сард омад ва сар карда, аз зиндагии сокинон то ба иқтисоду тиҷорат ва саноати вилояти Хатлон таъсири манфӣ расонд. Ба иттилои вазорати нигаҳдории тандурустӣ, дар Тоҷикистон 12 нафар бар асари сармои шадид ҳалок гардиданд, аз он миён 5 нафарашон дар Хатлон, бисёре аз корхонаҳои саноатӣ комилан аз кор бозмонданд ва бахши кишоварзӣ низ хисороти қобили мулоҳиза дид.

Маҳз таъсири зимистон ва бўҳрони энержӣ буд, ки ҳосили киштукори баҳорӣ талаф ёфт ва бо хатари бўҳрони нав - бўҳрони озуқа ва гаронии нарху наво дар бозор мардумро рў ба рў кард.

Дар пайи зимистони қаҳратун хушксолию камобӣ дар вилояти Хатлон ҳоким шуд, гузашта аз он ки оби обанбори нерўгоҳи Норак пур нашуд, беш аз 60 ҳазор ҳектор замини киштшудаи 15 ноҳияи Хатлон дар пайи ҳуҷуми малах тахриб шуда, ҳазорҳо ҳектор замини кишти гандум талаф ёфт. Ҳарчанд дар охири сол қимати орду гандум як каме поин рафт, аммо ҳамоно нархи дигар анвои маводи ниёзи аввалия афзудан дорад.

Анҷоми бунёди НБО «Сангтӯда-1»

Ниҳоятан мешавад гуфт, ки нерўгоҳи деринтизори «Сангтўда-1» сохта шуд.
Пас аз корандозии якумин агрегати нерўгоҳи «Сангтўда-1» дар моҳи январи соли 2008, ин нерўгоҳ аввалин миллиард киловот/соат барқи худро тавлид кард. Коршиносон иншооти мазкурро аз муваффақтарин пружаи сохтмонии соли 2008-ум унвон кардаанд.

Нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия буда, иқтидори тавлидотиаш 670 мегавот арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа болиғ аз 600 миллион доллари амрикоӣ буда, 25 дар сади саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад.

Аз оғоз таваҷҷўҳи аҳолии аз камбуди барқу гармӣ азиятдидаи кишвар ба сохтмони мазкур ҷалб гардида буд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими корандозии агрегати саввуми он ваъда супурд, ки аҳолии кишвар ин зимистон қиёсан барқи бештар хоҳанд дид. Аммо ҳанўз ҳам аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин нест ва дар як рўз аз 3 то 7 соат барқ мебинад. Агрегати чаҳорум ва ниҳоии нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» қарор аст, авоили соли 2009-ум ба кор андохта шавад.

Худойбердиев ва Х. Каримов дар ҷустуҷӯи Интерпол
Соли 2008-ум прокуратураи вилояти Хатлон бо ифтитоҳи парвандаҳо ва баёнияҳои пурсарусадояш дар маркази таваҷҷўҳи расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Нахуст прокурори Хатлон дар моҳи апрел эълом дод, ки парвандаи сарҳанги шўришгар Маҳмуд Худойбердиев ба дасти Пулиси байнулмилалӣ, ё Интерпол таслим шудааст. Дертар Раёсати корҳои дохилаи Хатлон низ иттилоъ дод, ки 60 узви гурўҳ ё пайрави сарҳанг Худойбердиевро дар пайгарди байналмилалии қонунӣ эълом додааст.

Ҳамин гуна, дар нимаи дуввуми соли 2008 хабари дигари мушобеҳ ба нашр расид, ки Пулиси байналмилалӣ ҳамчунин қумандони дигари собиқ Фронти халқӣ Хўҷа Каримовро дар ҷустуҷў қарор додааст. Прокуратураи Хатлон хабар дод, ки ҳанўз дар даҳ соли қабл алайҳи қумандони саҳроии собиқ Фронти халқӣ Хўҷабек Каримов парвандаи ҷиноятӣ боз карда будааст. Мақомоти прокуратура ва Интерпол ўро барои даст доштанаш дар чандин ҷинояти вазнин, аз ҷумла ҷиноятҳо бар зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ муттаҳам мехонанд.




Пешниҳоди манъи Салафия

Дар нимаи дуввуми соли 2008-ум прокуратураи Хатлон барои нахустин бор дар Тоҷикистон масъалаи мамнўъ эълом кардани ҷараёни Салафияро дар миён гузошт. Прокуратура гуфт, ки дар як номаи худ унвонии Прокуратураи генералии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба истилоҳ, «ҳаракатҳои иртиҷоии ҷараёни Салафия» дар кишвар мутаваққиф гардад.

Баъд аз нашри баёнияи мазкур Вазорати корҳои дохилаи кишвар низ мавқеи мушобеҳи худро дар робита ба ҷараёни Салафия баён кард ва вазири умури дохилӣ нодида гирифтани аъмоли ин ҷараёнро «хиёнат» номид.

Боздошти Сӯҳроб Лангариев

Дар моҳи майи соли 2008-ум дар шаҳри Кўлоб Сўҳроб Лангариев, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Лангарӣ Лангариев ва се ҳамроҳи ў боздошт шуданд. Ин амалиёти хадамоти махсуси кишвар барои он дар зеҳнҳо чарх мехўрад, ки дар он ҳодиса, ба иттилои манбаъҳои гуногун, аз ду то чор нафар кушта ва ҳамин теъдоди шаҳрвандон захмӣ гардидаанд.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шарҳи боздошти Сўҳроб Лангариев гуфтааст, ки вай ба қочоқи маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон ва нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳаи оташфишон гунаҳгор дониста мешавад. Ин ниҳод гуфтааст, Сўҳроб Лангариев аз соли 2002-юм инҷониб, барои «роҳзанӣ» низ мавриди ҷустуҷў қарор дошт. Феълан, вай дар боздоштгоҳи муваққати ниҳодҳои тафтишотӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Радди дархости чиноиҳо
Хабари дигаре, ки қобили ёдрас асту боиси баҳсу баррасиҳо гашт, ин аст, ки мақомоти Қўрғонтеппа дар соли 2008 дархости қариб 20 шаҳрванди давлати Чинро барои издивоҷи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон рад кард.

Маърифатпоччо Навкарова, мудири мудири шўъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қўрғонтеппа, дар шарҳи сабаби радди дархости чиноиҳо ба расонаҳои хабарӣ чунин гуфт: «Ба андешаи мо, барои чиноиҳои муҳоҷир никоҳи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон лозим нест, онҳо танҳо мехоҳанд хона дошта бошанду, озод гаштугузор кунанд. Хонумҳои мо барояшон мисли як пешхидмат ҳастанд. Мо медонем, ки ҳоло ҳам бисёре аз бонувони тоҷик бо чиноиҳо ҳамзистӣ доранд. Агар бо муҳаббат бошад, боке нест, аммо рўшан аст, ки онҳо қурбони фиреб ва қурбони вазъи сангини иҷтимоӣ шудаанд ва барои луқмаи ноне барои издивоҷ бо чиноиҳо розӣ мешаванд. Мо чунин никоҳро ҷоиз намедонем…»

«Дасти дароз»-и домана
Дар авохири соли 2008 хабарҳои сершумор оид ба хуруҷи домана водии Вахши вилояти Хатлон ва гирифтории теъдоди ҳарчи бештари сокинони минтақа ба ин мараз ба нашр расиданд. Охири моҳи ноябр аз ноҳияи Вахш хабар расид, ки наздик ба 100 сокини ҷамоати Тоҷикободи ноҳия бо гумони гирифторӣ ба бемории мусрии домана дар бемористони марказии ин ноҳия бистарӣ шудаанд. Амиралӣ Сафаров, муовини сарпизишки бемористони марказии ноҳияи Вахш, бо тасдиқи ин хабар гуфт, 60 дар сади беморони бистаришударо кўдакони аз 5 то 14-сола ташкил медиҳанд.

Ба қавли муовини сарпизишки бемористони ноҳия, иллати аслии гирифторӣ ба домана истифода аз оби ифлоси ҷўйбор ва риоят нашудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ будааст.

Ҳамин гуна, имсол хабари мубталошавии сокинони навоҳии Бохтару Панҷ низ ба бемории домана ба гўш расиданд. Мақомоти нигаҳдории тандурустӣ барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи бештари домана тақрибан дар ҳама шаҳру навоҳӣ гурўҳҳои корӣ таъсис доданд, то ки аҳолиро аз хатари ин мараз саривақт воқиф созанд.

Понздаҳ ҳазор муҳоҷири ихроҷшуда
Дар нўҳ моҳи аввали соли 2008-ум РКД хабар дод, ки беш аз 15 ҳазор сокини вилояти Хатлон, аксаран мардикорони ҷавон, аз кишварҳои муҳоҷират депорт шудаанд. Иззатулло Исмоилов, сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, мегўяд, муҳоҷирони ҷавони тоҷик аксаран бинобар надонистани ҳуқуқи худ, қоидаҳои иқомати шаҳрвандӣ, қонунҳои кишвари муҳоҷират ва забони русӣ мавриди депортатсия қарор мегиранд. Ва аммо мушкили дигари марбутаи муҳоҷирон ба гуфтаи И. Исмоилов, ин аст, ки имсол мақомоти гумрук ва фурудгоҳҳои Русия аз қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар насабашон пасвандҳои русии «-ов» надоранд, низ худдорӣ мекунанд, ки боис ба нигаронии мақомоти кишвар гардидааст.

Вазъи аҳзоби сиёсӣ

Номи аҳзоб

Афзоиши аъзо мутобиқи солҳо

Фоизи афзоиш

2006

2007

2008

Ҳизби аграрии Тоҷикистон

457

864

1 315

+187%

Ҳизби демократии Тоҷикистон

164

154

152

-7%

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

370

645

1 384

+274%

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

13 103

12 294

13 038

-0,5%

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

8 362

8 735

12 352

+48%

Ҳизби сотсиал -демократии Тоҷикистон

15

22

25

+67%

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

50

96

102

+104%

Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон

25 262

27 140

28 832

+14,1%

XS
SM
MD
LG