Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бензин арзон шуд, аммо роҳкиро не


Сокинони шаҳру навоҳии водии Вахш аз поин рафтани қимати маводи сўзишворӣ, ба вижа бензин, истиқбол карда, аммо мегўянд, ҳамоно нархи роҳкиро ва хидматрасонии воситаҳои нақлиёт баланд арзёбӣ мешавад.

Бар асоси мушоҳидаҳо, нархи бензин ва сўзишвории дизелӣ дар Қўрғонтеппа ва навоҳии атрофи он дар як моҳи ахир ба ҳисоби миёна то 40 дар сад поин рафтааст. Агар чанде қабл як литр бензини навъи 92-юм дар нуктаҳои фурўши маводи сўхт ба 3 сомонию 80 дирам, баробар ба 1 доллару 11 сенти амрикоӣ, харидорӣ мешуд, ҳоло он 2 сомонӣ арзиш дорад. Хуршед Гулмуродов, масъули яке аз нуктаҳои сўхтфурўшии Қўрғонтеппа, мегўяд, бо таваҷҷўҳ ба поин рафтани қимати нафту бензин дар бозори ҷаҳонӣ, арзиши маводи сўхт дар Тоҷикистон, аз он миён, дар водии Вахш низ коҳиш ёфт ва бо ин ҳол тиҷорати бензин ҳам беҳтар шудааст. Ҳамзамон, ронандаҳои мошинҳои сабукрав низ мегўянд, поин рафтани қимати бензин барои беҳсозии вазъи иҷтимоии хонаводаашон таъсири мусбат расонидааст, аммо гаронии нарху навои маҳсулоти бозор ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ва аммо соҳибкорони маҳаллӣ, ки сабаби гаронии нархи маводи озуқа ва молу колои бозорро ба гаронии маводи сўхт ва хидматрасонии васоити нақлиёт нисбат медоданд, мегўянд, ҳанўз ҳам таксиҳо ва мошинҳои борбар, ки аксаран шахсиянд, бо вуҷуди поин рафтани қимати бензин, нархи роҳкироро ба сурати сунъӣ баланд нигоҳ медоранд. Дар натиҷа, қимати маводи хўрока ва дигар анвоъи молу коло ҳамоно гарон боқӣ мемонад. Чўпони Бадал, корманди ширкати тиҷоратии «Рухом», ки дар Қўрғонтеппа ба тиҷорати сангҳои нимгаронбаҳо машғул аст, мегўяд, барои аз ноҳияи Румӣ бо Қўрғонтеппа расидан ҳар рўз камаш 5 сомонӣ сарф мекунад, ҳарчанд бензин арзон шудааст. Ба ғайр аз ин, вай барои хўроки нисфирўзӣ пул сарф мекунад ва ҳамин тавр, наметавонад нархи моли ба фурўш гузоштаашро поин барад.

Мақомоти маҳаллӣ мегўянд, поин рафтани қимати маводи сўхт дар Хатлон ба афзоиши мизони воридоти он рабт дорад. Ба иттилои Хадамоти гумруки Хатлон, танҳо дар моҳи ноябр ба маблағи наздик ба 10 миллион доллар қариб 90 миллион литр бензину сўзишвории дизелӣ ба қаламрави ҷануби Тоҷикистон ворид шудааст.

Ҳамакнун чунин ба назар мерасад, ки поинравии қимати маводи сўхт ба сурати умум, ба коҳиши нарху наво дар бозору фурўшгоҳҳои Хатлон таъсир накардааст. Ҳарчанд дар гузаштаи начандон дур, мақомоти расмӣ ва соҳибкорон иддао доштанд, ки сабаби аслии баланд рафтани нархи озуқа ва дигар анвои молу коло дар афзоиши қимати сўзишворӣ ва роҳкиро мебошад.
XS
SM
MD
LG