Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири бӯҳрони молӣ ба пахтакорон


Кишоварзони вилояти Хатлон мегўянд, таъсири бўҳрони ҷаҳонии молӣ то ба хирмани онҳо ҳам расидааст.

Бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷануби Тоҷикистон мегўянд, бар асари якбора поин рафтани қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ ҳоло наметавонанд барои моли истеҳсолкардаи худ харидор пайдо кунанд.

Ба иттилои Раёсати кишоварзии Хатлон, имсол дар вилоят беш аз 220 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст, аммо болиғ аз 200 ҳазор тон аз ин навъи маҳсулот то ҳанўз дар корхонаҳои коркарди пахтаю анбори хоҷагиҳои кишоварзӣ хобида, ва ба ҷое содир нашудааст.

Файзалӣ Маҳмадов, як масъули Раёсати кишоварзии Хатлон, дар сўҳбат бо расонаҳо гуфт, ки дар ду моҳи ахир қимати нахи пахта дар биржаи Ливерпул ба якбор аз 1800 доллар то ба 900-850 доллари амрикоӣ поин рафт ва хоҷагиҳои пахтакори ҷануби кишварро дар рў ба рўйи хатари расидани хисороти қобили мулоҳиза қарор дод. Вай афзуд, бо ҳадафи расидагӣ ба мушкили кишоварзон, Раёсати кишоварзии Хатлон аз ҳукумат хостори он шудааст, ки аз бонкҳои тиҷоратӣ расман хоҳиш кунад, афзоиши фоизҳои қарзашон ба хоҷагиҳои деҳқониро ба тавқиф андозанд. Дар акси ҳол, гуфт ӯ, хоҷагиҳои деҳқонӣ эҳтимол моликияти худро, ки дар бонкҳо бар ивази маблағи қарз ба гарав гузоштаанд, аз даст медиҳанд.

То якуми январи соли 2008-ум қарзи кишоварзон ба 300 миллион доллар мерасид. Алимаҳмад Солеҳов, мудири дафтари Бонки Эсхата дар Қўрғонтеппа, мегўяд, аз миёни 16 хоҷагии пахтакор, ки аз ин бонки тиҷоратӣ қарз гирифтаанд, то ба ҳол танҳо 3 хоҷагӣ қарзашонро ҳисобӣ кардаанд, сарфи назар аз ин ки барои пурра бозгардонии қарз танҳо то моҳи феврал мўҳлат доранд. Аммо А. Солеҳов гуфт, ба эҳтимоли ғолиб, бонкҳои тиҷоратии кишвар ба пешниҳоди мақомоти кишоварзӣ, ки хостори қатъи афзоиши фоиз аз қарзҳои гирифтаи хоҷагиҳои деҳқонӣ гардидааст, розӣ нахоҳанд шуд. Ӯ гуфт, вазъияти бонкҳо ҳоло чандон хуб нест, онҳо қарзҳои зиёде ба кишоварзон додаанд ва бояд бозпас гардонанд. Ба андешаи оқои Солеҳов, агар хоҷагиҳо корашонро дуруст ба роҳ монанд, танҳо аз ҳисоби фурўши чигит метавонанд қарзи бонкҳоро ҳисобӣ кунанд ва нахи пахта фоидаи софи онҳо мемонад.

Бо ин ҳол, мақомоти кишоварзии вилояти Хатлон иқрор мекунанд, ки бўҳрони молӣ ба вазъи соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмўъ, иқтисоду иҷтимои минтақа асароти манфӣ расонидааст, аммо ҳаҷми хисороти расида дар пайи он ҳанўз ҳисоб нашудааст. Бо ин вуҷуд, мақомот мегўянд, бавижа, бахши саноати пахтаи Хатлон дар натиҷаи таъсири бўҳрони молиявӣ ба мушкил печидааст.
XS
SM
MD
LG