Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои зиддиисроилӣ дар кишварҳои исломӣ


Дар бархе кишварҳо алайҳи амалиёти низомии Исроил дар навори Ғаза намоишҳои эътирозӣ доир шуданд. Имрӯз даҳҳо ҳазор сокинони Теҳрон дар як ҳамоиши зиддиисроилӣ ширкат намуданд ва хостори кумак ба мардуми Фаластин шуданд. Дар Бағдод тақрибан ҳазор тан аз ҷонибдорони раҳбари шиаҳои ироқӣ Муқтадо Ас-Садр ҷамъ омада, ҳамлаи Исроилро шадидан маҳкум карданд. Дар Индонезӣ тақрибан ҳазор донишҷӯ парчамҳои Фаластин дар даст ва бо нидоҳои “Террористи ҳақиқӣ - Исроил аст” пуштибонии худ аз мардуми навори Ғазаро изҳор намуданд.

XS
SM
MD
LG