Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил алайҳи ҲАМОС ҷанги густарда шурӯъ кардааст


Эҳуд Борак, вазири дифоъи Исроил имрӯз зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, ки кишвар алайҳи гурӯҳи ҲАМОС дар навори Ғаза ҷанги густардаро шурӯъ кардааст. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, аз рӯзи шанбе ба ин сӯ беш аз 200 муассиса дар навори Ғаза мавриди бомбборони ҳавопаймоҳои низомии Исроил қарор гирифтааст. Исроил нерӯҳои низомӣ ва танку зиреҳпӯшҳояшро дар марзи навори Ғаза омодаи ҷанг кардааст.

Ба иттилоъи мақомоти Фаластин, бар асари ҳамлаҳои Исроил дар се рӯзи ахир беш аз 300 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки бомбборон мунҷар ба ҳалокати 50 сокини осоиштаи навори Ғаза шудааст.

Мусаллаҳони гурӯҳи ҲАМОС, дар навбати худ, мушакборони манотиқи ҷанубии Исроилро идома медиҳанд. Дар шаҳри Ашкелон ба асари ҳамлаи мушакӣ як сокини маҳаллӣ кушта шуда ҳафт нафар захм бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG