Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати идона бо шоир Сиёвуш


Шоири шинохтаи тоҷик Сиёвуш

Шоири шинохтаи тоҷик Сиёвуш

Дар арафаи соли нави мелодӣ радиои Озодӣ бо шоир Сиёвуш, ки дар Бишкек ба сар мебарад, сӯҳбате орост.

Ба гуфтаи Сиёвуш, вай ин соли 2008-ро пеш аз ҳама соли пайвастан бо аъзои хонаводааш медонад, зеро тайи чанд муддат онҳо аз ҳам ҷудо ба сар мебурданд ва ахиран ба чунин қарор омаданд, ки бояд ҳама як ҷо бошанд, зеро дуриву фироқ ҳам ӯ ва хонумаш ва ҳам ду фарзанди онҳоро, ки дар мактаби миёна таҳсил мекунанд, хеле нороҳат кардааст.

Ҳамсӯҳбатам перомуни он, ки дар Тоҷикистон тамаркузи мардум ба иди Наврӯз бештар аст ва ҳатто баъзеҳо аз таҷлили соли нави масеҳӣ канора меҷӯянд, гуфт, ки агар дар ин авохир дар Тоҷикистон чунин як фазо эҷод шуда бошад, вай хабардор нест. Ба таъкиди шоир Сиёвуш, албатта, мардуми Тоҷикистон Наврӯзро оғози соли нав меҳисобад ва онро хеле густарда ҷашн мегирад, бо вуҷуди ин соли нави масеҳӣ низ мақоми арзандаи худро дошту дорад.

Вай афзуд, фазое, ки як моҳ қабл аз моҳи январ шурӯъ мешавад ва он фазое, ки ба хусус бачаҳо онро дӯст доранд, як рӯҳияи идона дар кулли мардум эҷод мекунад. Ба ақидаи Сиёвуш ҳар сабабу баҳонае, ки боиси шодиву нишоти мардум, ба вижа кӯдакон мегардад, қобили пазириш аст.

Ҳамсӯҳбатам дар робита ба дурӣ аз ватан, гузашта аз ин, муҳиту фазои фарҳангие, ки вайро дар ҳамин ҳол иҳота кардааст, иброз дошт, ки албатта дурӣ ва маҳҷурӣ аз ватан, аз ёру дӯстон ва хешу пайвандон барои ҳама сахт аст.

Сиёвуш мегӯяд, ки ду-се китоб таҳия кардааст ва дар ояндаи наздик бо хати сирилик ва форсӣ дар Тоҷикистон интишор хоҳанд ёфт. Аз ин лиҳоз чунин мешуморад, ки ба ин васила ин дуриву маҳҷуриро ҷуброн карда бошад.

Дар шаҳри Бишкек соҳибқаламони дигар низ ба сар мебурданд, ки ба ватан баргаштаанд ва дар Тоҷикистон ба кору эҷод машғуланд. Яке аз ин адибон, ки бо Сиёвуш бевосита аз як ҳаво нафас мегирифт, Рустами Ваҳҳоб аст ва ҳар ду маҳфилҳои тоҷиконро гарм мекарданд. Баъди бозгашти ин гуна дӯстонаш оё Сиёвуш низ фикри ба ба ватан бозгаштанро мекунад? Ба гуфтаи Сиёвуш, рӯзе, ки аз Тоҷикистон берун қадам ниҳод, ҳар рӯз орзуи баргашт ба ватанро дорад, вале чунон ки мегӯянд, «мо дар чи хаёлему фалак дар чи хаёл».

Оқои Сиёвуш гуфт, ки як сомонаи интернетӣ боз кардааст ва имрӯз ё фардо нишонии онро барои дӯстонаш хоҳад эълом дошт. Ҳадаф аз ифтитоҳи он тамоси ҳамешагӣ бо ҳамватанон, дӯстон ва мухлисони ашъораш аст. Зеро дар ин замон чопи китоб мушкилоти зиёде эҷод кардааст ва аз ҳар нигоҳ он кори дандоншикан аст.

Ҳамсӯҳбатам зимни ироъаи таманниёт ба шунавандагони радиои Озодӣ гуфт, решаи дини масеҳиён, ки ҳазрати Исо (алайҳиссалом) ба замин оварда буд, дини меҳру муҳаббат, отифат ва бахшиш аст. Вай афзуд, аз ин лиҳоз таманнои онро дорад, ки дар соли нави месеҳӣ одамон ба ҳамдигар меҳру муҳаббат дошта бошанд ва ҳамдигарро бубахшанд.
XS
SM
MD
LG