Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Сомалӣ ба истеъфо меравад


Раиси ҷумҳури Сомалӣ Абдуллоҳи Юсуф изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад. Ӯ тайи чаҳор сол раёсати ҳукумати давраи гузаришро, ки бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид таъсис шуда буд, бар ӯҳда дошт. Гуфта мешавад, сабаби истеъфои Абдуллоҳи Юсуф ихтилоф бо эътилофи ҳукмрони кишвар аст – ин ихтилоф ҳукуматро заъиф карда, таъмини субот дар ин кишвари вориди ҷанги шаҳрвандиро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG