Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбозони тоҷик дар Ҷоми бошгоҳҳои Осиё


Соиб Ҷураев, шатранҷбози ҷавони тоҷик
Соиб Ҷураев, шатранҷбози ҷавони тоҷик

Шатранҷбозони тоҷик дар нахустин Ҷоми бошгоҳҳои Осиё, ки дар шаҳри ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, чаҳор бозӣ анҷом доданд.

Дастаи Тоҷикистон, ки ба ҳайъати он Соҳиб Ҷӯраев, Рашид Ҳусейнов, Сӯҳроб Ҳамдамов ва Илҳом Юнусов шомиланд, дар 4 дидор соҳиби 6 имтиёз шудааст. Ҳар як шатранҷбози тоҷик 1,5 имтиёз ба даст овардааст.

Дастаи Тоҷикистон нахуст бошгоҳи Иерусалими Фаластинро бо натиҷаи 3,5:1,5 мағлуб карда, дар даври дуввум бар бошгоҳи Ал-Муҳофизаи Сурия бо натиҷаи 2,5:1,5 пирӯз шуд. Вале дар ду бозии баъдӣ аз бошгоҳи шатранҷи Тагятайи Филиппин ва Вйетнам Виктори Клаб бо натиҷаи якхелаи 0:4 шикаст хӯрд.

Бад-ин тартиб Тоҷикистон байни 30 бошгоҳи шатранҷи 24 кишвари қораи Осиё пас аз 4 даври мусобиқот бо 6 имтиёз дар ҷои 21-ум қарор дорад.

Шатранҷбозони Al Ain Chess Club A (АМА) бо 14 имтиёз дар ҷои аввал мебошанд. Бошгоҳҳои Qi Yuan Club (Чин) ва Vietnam Victori Club бо 12,5-имтиёзӣ дар ҷойҳои дуввуму севум қарор гирифтаанд.

Дастаи Тоҷикистон дар даври панҷуми ин мусобиқот 29-уми декабр бо тими мизбон - Sharjan Chess Club (АМА), ки бо 9,5 имтиёз ҷойи 10-умро касб кардааст, бозӣ мекунад.

Нахустин Ҷоми бошгоҳҳои шатранҷи Осиё то 31-уми декабр идома хоҳад кард.

Ва як хабари дигар барои дӯстдорони шоҳмот ин аст, ки шатранҷбози машҳури тоҷик, гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов дар феҳристи нави 30 нафар беҳтарин шатранҷбозони Русия аз 10 нафар болотар - дар ҷои 20-ум – мавқеъ гирифт.

Дар ин феҳрист гроссмейстерҳо Александр Морозевич дар ҷои аввал, Владимир Крамник дар ҷои дуввум ва Дмитрий Яковенко дар ҷои севум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG