Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи севвуми ҳамлаи Исроил ба тундравҳои Ҳамос


Эҳуд Борак, вазири дифоъи Исроил иҷоза додааст, ки имрӯз бештар аз 100 мошин кӯмакҳоро ба Навори Ғаззаи Фаластин интиқол диҳанд. Ба ин кӯмакҳо хун барои захмиҳо, хурока, 10 мошини ёрии таъҷилӣ ва таҷҳизоти тиббӣ шомил мешавад, ки Туркияву Урдун ва созмонҳои байнулмиллалӣ фароҳам кардаанд.

Ин 100 мошин кӯмакҳо имрӯз тавассути хоки Исроил ба Навори Ғаззаи Фаластин расонда мешавад. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи якшанбе ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Исроил ба пойгоҳҳои Ҳамос дар Навори Ғаззаи Фаластин идома ёфтааст.

Тибқи хабарҳо, дар давоми ду рӯзи ҳамлаҳои Исроил дар ин ҳамлаҳо беш аз 300 нафар кушта шудаанд. Исроил гуфтааст, то замоне, ки ҳамлаҳои мушакии гурӯҳи тундрави исломии Ҳамос ба ҷониби Ироил хотима наёбад, ба ҳамлаҳои ҳавоӣ хотима нахоҳад дод. Шӯрои амнияти СММ ва раҳбарони ҷаҳон ба ин ҷанг дар Ховари Миёна вокуниш нишон додаанд.

Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои нерӯҳои ҳавоии Исроил ба севвумин рӯзи худ ворид мешавад, дар шифохонаҳо барои наҷоти захмиҳо талош мекунанд. Тибқи маълумоти тақрибӣ, дар ин задухурдҳо дар Ғазза бештар аз 1400 нафар захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, аксари афроди кушташуда аз нерӯҳои амниятии Ҳамос мебашанд. Аммо мақомоти ташкилоти худгардони Фаластинӣ мегӯянд, дар миёни кушташудагон аҳолии маҳаллӣ низ кам нестанд. Тундравҳо ҳангоми ҳамла ба Исроил маъмулан аз маҳаллоти аҳолинишин истифода мекунанд.

Ҳамос гуфтааст, ки ба ин ҳамлаҳои ҳавоии Исроил посух хоҳад дод ва дар қаламрави Исроил ба бомбгузорӣ ва инфиҷори бомбҳо шурӯъ мекунад. Исмоил Ҳания, раҳбари Ҳамос, гуфт, фаластиниён ҳеҷ гоҳ чунин қатли оми хатарнокро надидаанд:

"Ман мегӯям, ки дар паси ин куштори ом, ки Фаластин ҳаргиз бо чунин хатару терроризм ва таҷовуз надидааст, нақшаҳои Исроил пинҳон аст. Бо ҳадаф қарор додани ҷавонони бегуноҳ, занону кӯдакон ва бузургсолон ва бо ҳамла ба ҳама мавҷудоти зинда дар Навори Ғазза ин куштор дар нақшаи Исроил қарор дошт, ки ҳадафи он шикаст додани муқовимати таърихии мардуми Фаластин дар ҳар ҷост".

Исроил мегӯяд, ин ҳамлаҳо ҷавоб ба мушакпаррониҳои ҳаррӯзаи тундравҳост, ки баъд аз ҳашт рӯзи хатми муҳлати оташбаси шашмоҳа ҳар рӯз иттифоқ меафтад. Низомиёни Исроил мегӯянд, ҳамлаҳои ҳавоии онҳо пойгоҳҳои низомиро ҳадаф қарор медиҳанд.

Исроил гфтааст, ҳудуди 30 туннели қочоқиро, ки фаластиниҳо дар Борикаи Ғазза аз онҳо истифода мекарданд, бомбборон кардааст. Ин ҳамлаҳо дар кишварҳои Ховари Миёна вокунишҳои мухталиф ба бор овадааст. Масалан, Сурия музокироти мустақими сулҳ бо Исроилро боздоштааст. Раҳбари «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон ба зердастонаш дастур додааст, ки дар сурати ҳамлаи Исроил бояд ҳолати омодагии мукаммал дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG