Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи НАТО хостори нируҳои бештар шуд


Генерал Март де Круиф -фармондеҳи нируҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон дархост кардааст, ки соли оянда ба ин минтақа нируҳои изофӣ фиристода шаванд. Интизор меравад, ки Амрико то тобистони соли оянда ба Афғонистон 30 ҳазор нафар ниру фиристад. Генерал Март де Круиф дар Қандаҳор гуфтааст, вай хушбин аст, ки вуруди нируҳои бештар ва боло рафтани тавоноии артиши миллии Афғонистон ба маънои комёбиҳои бештари низомиён хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG