Пайвандҳои дастрасӣ

14 кудак дар Афғонистон кушта шуд


НАТО, ки раҳбарии нируҳои кумаки Амниятӣ дар Афғонистонро бар уҳда дорад, гуфтааст, дар натиҷаи як бамгузории интиҳорӣ дар наздикии як мактаби таҳсилоти ибтидоӣ 16 нафар кушта шудаанд, ки 14 нафари онҳо кудакон будаанд. Қаблан мақомоти интизомии Афғонистон гуфа буданд, ки дар ин бамгузорӣ 7 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар вилояти Хуст дар натиҷаи инфиҷори як бам 58 нафари ҷароҳат бардоштаанд. Яъқубхон-муовини раиси пулиси вилоят гуфтааст, ин бам дар даромадгоҳи дафтари пулис дар назди посгоҳи артиш мунфаҷир шудааст.
XS
SM
MD
LG