Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил донишгоҳи Ғазаро бомбборон кард


Ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои Исроил бар зидди гуруҳи тундрави исломии Ҳамос дар Борикаи Ғазаи Фаластин вориди севвумин рузи худ шуд. Ҳавопаймоҳои Исроил дар Ғаза донишгоҳи исломӣ ва қароргоҳи шаҳрдории Ғазаро, ки ситоди Ҳамос ба шумор меравад, бомбборон карданд. Дар ин ҳамлаҳо аз рузи шанбе ба ин су 298 фаластинӣ кушта шудаанд. Рузи якшанбе Исроил 6 ҳазор нафар афроди қобили хидматро, ки захира ё резервист дониста мешуданд, ба аскарӣ ҷалб кард. Эҳуд Борак-вазири дифоъи Исроил гуфт, агар ҳамлаҳои мушакӣ аз хоки Фаластин хотима наёбад, амалиёти заминиро оғоз хоҳад кард. Ципӣ Ливнӣ-вазири хориҷаи Исроил дар бораи ин амалиёт чунин гуфт:


"Ягона роҳи наздик шудан ба поёни амалиёти низомӣ ин аст: Исроил ҳақи дифоъ аз худро дорад, Исроил метавонад ҳамаи тадобири заруриро барои тағир додани вазъ биандешад, маҳофили байналмиллалӣ аз Исроил ҳимоят мекунанд ва фаъолият бар зидди Ҳамосро идома медиҳанд ва намехоҳанд Ҳамосро ба таври расмӣ шиносанд".

СММ ва Иттиҳодияи Аврупо даъват кардаанд, ки ба ин хушунатҳо хотима дода шавад. Имруз мошинҳои ҳомили кумак ба Навори Ғаза иҷоза дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG