Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории золимона дар Афғонистон


Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО мегӯянд, ки бар асари бомбгузорӣ дар назди як мактаби ибтидоӣ дар ҷануби Афғонистон 16 нафар аз ҷумла 14 кӯдак ҳалок шуданд. Дар натиҷаи бомбгузорӣ дар вилояти ноором ва ҷанубии Хӯст ҳамчунин 58 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилоъи Ёқубхон -муовини раиси идораи пулиси Хӯст, бомбгузор худро дар даромадгоҳи посгоҳи пулис ва артиш мунфаҷир кардааст.
XS
SM
MD
LG