Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузорӣ дар Покистон 23 танро кушт


Мақомоти Покистон эълом карданд, ки бар асари таркиши як мошини бомбгузоришуд дар шаҳри шимолуғарбии Бунар 23 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Инфиҷор ба андозае қавӣ будааст, ки як мактаб ва бозори назди онро хароб кардааст. Ҳеҷ гурӯҳе то кунун масъулияти ин бомбгузории маргталабонаро бар дӯш нагирифтааст. Силсилаи бомбгузориҳои интиҳорӣ дар зарфи 18 моҳи гузашта дар Покистон сабаби марги тақрибан 1500 нафар шудааст.
XS
SM
MD
LG