Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабари Русия доир ба ҷиноятҳои тоҷикон


Вазорати умури дохилаи Русия дар як саъйе барои фурӯ нишондани нигарониҳо аз ҳамлаҳои миллатгароён ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, ҷинояткорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар соли равон тақрибан 10 дар сад коҳиш ёфтааст. Хабаргузории русии Интерфакс аз қавли вазорат навиштааст, ки тайи 11 моҳи соли равон алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тақрибан 1850 ҷиноят шудааст, ки назар ба соли гузашта 9, 7 дар сад камтар аст. Чанде пеш Салоҳиддин Азизов – шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳошияи шаҳри Маскав аз тарафи миллатгароёни рус сар бурида шуд. Айни замон вазорати умури дохилаи Русия гуфтааст, соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар тақрибан ҳафт ҳазор ҷиноят кардаанд ва аз ҷумла 54 одамкушӣ. Бештари дигар қонуншиканиҳои маъмурӣ будааст.
XS
SM
MD
LG