Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи қирғиз аз зиндон раҳо шуд


Равшан Ғафуров - як фаъоли шинохтаи ҳуқуқи инсон дар Қирғизистонро аз зиндон раҳо кардаанд. Равшан Ғафуров бо гуноҳи тарафдорӣ аз созмони тундрави Ҳизб-Ут-Таҳрир ба як соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯро барои нашри як мақола дар Интернет, ки дар он гӯё аз фаъолияти он созмони мамнӯъ пуштибонӣ намудааст, зиндонӣ карданд. Ин фаъоли ҳуқуқи инсон тамоми иттиҳомот алайҳи худро рад намуда ва онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст.

XS
SM
MD
LG