Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои фирории Ал-Қоидаро боздошт карданд


Ду узви Ал-Қоида, ки рӯзи ҷумъа аз як зиндони Ироқ фирор карданд, аз тарафи маъмурони амниятӣ дастгир шудаанд. Зиндонии саввумро, ки ҳамчун “Имоди қотил” маъруф буд, ҳангоми фирор кормандони пулис рӯзи шанбе куштанд. Саъйи аъзои Ал-Қоида барои фирор аз боздоштгоҳи пулиси Фурсон дар ноҳияи Рамодӣ, сабаби даргирӣ миёни маъмурони пулис ва тундравон шуд, ки дар натиҷа 13 тундрав кушта ва як корманди пулис ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG