Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни юриш дар Ғазза


Ҳавопаймоҳои Исроил имрӯз ба таъсисоте дар Навори Ғазза мушак андохтанд, ки ба гуфтаи манобеъи бемористонҳо дар ҷараёни ин ҳамлаҳо дасти кам 195 нафар кушта шудаанд. Дар ин ҳамлаи харобиовартарин дар чанд даҳаи ахир садҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин юриши Исроил ба Навори Ғазза баъди хотима ёфтани созиши оташбаси созмони Ҳамос сурат гирифт, ки дар чанд рӯзи гузашта ба Исроил бо мушаку минамёт ҳамла кард. Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Русия аз ҳар ду тараф хостаанд, ки ба душманиву хунрезӣ хотима диҳанд. Вазири дифоъи Исроил қавл додааст, ки юриш дар Навори Ғаззаро тавсиа мебахшад ва Ҳамос гуфтааст, аз Исроил қасос хоҳад гирифт. Лигаи кишварҳои арабӣ барои барассии ин вазъ рӯзи якшанбе нишасти фавқуллода баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG