Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори узви Ал-қоида аз маҳбаси Ироқ


Пулиси Ироқ эълом кард, имрӯз як узви Ал-қоида дар ин кишвар, ки аз зиндон гурехтааст, дар тирандозӣ бо посбонон ҳалок шуд. Ду зиндонии фирории дигарро посбонони маҳбас ба муҳосира гирифтаанд. Зиндонии кушташуда бо лақаби “Имоди Қотил ” маъруф будааст, чун ба гуфтаи пулис ӯ дасти кам 100 нафарро куштааст. Ин нафар аз боздоштгоҳи пулиси Форсан дар ноҳияи Рамодӣ фирор кардааст. Ва дигар ин ки бар асари таркиши як мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Бағдод 18 нафар ҳалок ва 31 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG