Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаш ҷангҷӯро дар Ҳилманд нобуд карданд


Нерӯҳои хориҷӣ ва Афғонистон мегӯянд, дар ҷануби ноороми ин кишвар шаш ҷангҷӯи Толибонро куштаанд. Нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико гуфтанд, ҳангоми гаштзании муштарак, дар вилояти Ҳилманд рӯзи панҷшанбе ин гурӯҳи ҷангҷӯёнро мушоҳида карданд, ки аз махфигоҳе аслиҳа мегирифтанд. Баъди ин гурӯҳи гаштзанӣ ҷангҷӯёнро кушта ва силоҳҳои онҳоро нобуд кардааст. Дар натиҷаи ҳамлаву бедодгариҳои шӯришиён дар Афғонистон соли 2008 бештар аз 6 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG