Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷ гирифтани таниш миёни Ҳинду Покистон


Давлати Покистон тамоми таътилот дар артиши ин кишварро лағв карда ва сарбозонашро дар хатти марз бо Ҳинд мустақар кардааст, ки нишонаи афзоиши таниш миёни ду кишвар аст. Айни замон ҳукумати Ҳиндустон ба сокинони ин кишвар тавсия додааст, то аз сафар ба Покистон худдорӣ варзанд, чун ба иттилоъи баъзе аз расонаҳо дар ин кишвар чанд тан аз шаҳрвандони Ҳиндро дар иртибот бо бомбгузориҳои аввали ин ҳафта дар шаҳрҳои Мултон ва Лоҳур боздошт кардаанд. Муносиботи байни Ҳинду Покистон баъди ҳамлаҳои хунини моҳи гузашта дар шаҳри Мумбай, ки 179 нафарро қурбон кард, сардтар шуд. Ҳинд ин ҳамлаҳоро амали дасти унсурҳое дар дохили Покистон медонад. Амрико аз ҳарду кишвар хостааст, то хештандорӣ нишон диҳанд.
XS
SM
MD
LG