Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи муттаҳамони тоҷик дар Афғонистон


Мақомоти расмӣ мегӯянд, қарор аст, имрӯз як раҳбари ҳалқаи Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод карда шавад. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, Анварҷон Қаюмов – сокини ноҳияи Исфара, ки ба сӯиқасд ба ҷони кормандони милиса муттаҳам мешавад. Моҳҳои август ва сентябри имсол дар ноҳияи Исфара афроди номаълум ба сӯи кормандони милиса тир андохта ва дар маҷмӯъ се нафари онҳоро маҷрӯҳ карданд. Ба иттилоъи Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон, тавофуқ барои истирдоди Анварҷон Қаюмов дар ҷараёни сафари раиси кумитаи Хайриддин Абдураҳимов ба Афғонистон ҳосил шудааст. Дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин феҳрасти чанд нафар шаҳрванди дигари Тоҷикистонро, ки ба узвият дар созмонҳои тундрав ва терористӣ аз ҷумла “Ал-қоида муттаҳам мешудаанд, барои истирдод ба мақомоти Афғонистон супурдаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG