Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буҷаи вилоятро барои соли 2009 қабул намуд.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми буҷаи соли оянда дар муқоиса бо буҷаи имсола 50,8 дарсад зиёд шуда, 82 600 000 сомониро ташкил мекунад.

Сардори идораи молияи Бадахшон Акрамшо Кӯчакшоев буҷаро дорои аҳаммияти иҷтимоъӣ унвон карда, гуфт, ки зиёда аз 80 дарсади он ба соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг равона шудааст. Ба таъйиди ӯ, ҳаҷми буҷа асосан бо назардошти баланд бардоштани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷавӣ афзоиш пайдо намудааст. Вале, афзуд вай, онро наметавон буҷаи рушди иқтисодии вилоят номид.

Ба гуфтаи А. Кӯчакшоев, буҷаи нав нишонаҳои сифатиро дар худ таҷассум кардааст ва ҳаҷми маблағгузории маориф - 63,9, тандурустӣ - 52,6 ва фарҳанг 59,6 дарсад афзудааст.

Аммо иқтисодшинос Барзу Орумбеков бар ин назар аст, ки буҷаи соли ояндаи вилоят таҳаввулоти сифатиро дар бар нагирифтааст. Ӯ мегӯяд, буҷаи вилоят таййи солҳои ахир дар доираи буҷаи ҷумҳурӣ мутаносибан дар як сатҳ қарор доштааст ва аз 4 дарсади ҳаҷми буҷаи ҷумҳурӣ боло нарафтааст.

Ҳаҷми буҷаи вилоят аз ҳисоби даромадҳои худӣ ва ё буҷаи маҳаллӣ 17 миллион сомониро ташкил додаст. Мақомоти ВМКБ тасмим гирифтааст аз имкониятҳои афзун гардонидани даромади худӣ дар солҳои оянда бештар истифода кунад.
XS
SM
MD
LG