Пайвандҳои дастрасӣ

Бо ҳукми додгоҳҳои Арабистони саъудӣ соли равон 100 нафар ба қатл расиданд.

Рӯзи ҷумъаи 26-уми декабр ҳукми эъдоми боз 2 муҷрими дигар иҷро гардид.

Дар ин кишвари исломӣ барои рӯ тофтан аз дини Ислом, куштор, таҷовуз ба номус, ғорат бо истифода аз силоҳ ва қочоқи маводди мухаддира ҳукми қатл муқаррар шудааст.

Дар ҳоле, ки муҳофизони ҳуқуқи башар аз афзоиши қатлҳо дар Арабистони саъудӣ хабар медиҳанд, соли гузашта бо ин иттиҳомот дар кишвар 153 нафар ба қатл расида буданд.
XS
SM
MD
LG