Пайвандҳои дастрасӣ

Ба дунболи Русия, ки квота барои муҳоҷирони кориро 50 дарсад кам кард, Қазокистон низ квотаи муҳочирони кориро се баробар коҳиш дод.

Қаблан, ҳукумат иҷоза дода буд, ки муҳоҷирон ба миқдори 2,4 дарсади нерӯи фаъъоли кории кишвар дар ин ҷо кору фаъъолият намоянд. Акнун, ин рақам ба 0,75 дарсад поин гардид. Дар Қазоқистон бошад, ҳамагӣ 8,5 миллион нафар нерӯи фаъъоли корӣ мавҷуд аст.

Ин қарори ҳукумат баъди даҳ рӯзи нашри он дар расонаҳои расмии кишвар эътибор пайдо мекунад. Тибқи ин қарор ба чаҳор гурӯҳи муҳоҷирони корие, ки ба Қазоқистон меоянд, чунин квота ва ё саҳмия муайян шудааст: барои сарварони корхонаҳо ва мутахассисони таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи махсус дошта - 0,35 дарсад, барои коргарони соҳибтахассус низ 0,35 дарсад ва барои коргароне, ки ба корҳои кишоварзӣ машғуланд - 0,05 дарсад.

Коршиносон ва аҳли назар бар инанд, ки ҳукумат аз ночорӣ ва аз мушкилоте, ки дар Қазоқистон ба вуҷуд омадааст, чунин тасмим гирифта ва албатта он муваққатист. Аз ҷумла, иқтисодшинос Нуртай Мустафоев мегӯяд, Қазоқистон ба нерӯи кории хориҷӣ ҳамеша ниёз дошт ва истифодаи ин нерӯи арзон ҳам барои кишвар ва ҳам барои мардум суди зиёд дорад. Вале бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки ба ин ҷо низ таъсири хешро расонида, водор сохт, ки Қазоқистон ба чунин иқдом даст занад. Зеро, дар ин ҷо, ба вижа дар риштаи сохтмон мушкилоти зиёде пеш омад ва даҳҳо корхонаву ширкати сохтмонӣ ва даҳҳо ҳазор нафар бекор монданд. Дар натиҷа, мегӯяд иқтисодшинос, аллакай дар Алмаатову Остона ва дигар шаҳрҳои калони кишвар ҷинояткорӣ боло рафт. Аз ин хотир, аз ҷониби Қазоқистон коҳиш додани квота ва ё саҳмияи муҳоҷирони корӣ амали асосноку воқеъбинона аст.

Вале аз сӯи дигар, ба гуфтаи оқои Мустафоев, чунин иқдоме, ки ҳукуматҳои Русияву Қазоқистон ба он даст задаанд, вазъро дар дигар кишварҳои ҳамсоя, мисли Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон мушкил хоҳад кард. Зеро, ин муҳоҷирони бекормонда дарди сари иловагие мегарданд ба ҳукумат ва вазъи иҷтимоиро пуршиддат месозанд. Ин нуктаро Фатҳиддин Каримов, як тан аз муҳоҷирони тоҷик низ таъйид мекунад. Ба гуфтаи Фатҳиддин, вақте ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон бармегарданд, бояд давлат ҳам чорае барои ин мардум биандешад.

Аз сӯи дигар, оқои Мустафоев чунин меҳисобад, ки ҳарчанд ҳукумати Қазоқистон шумораи муҳоҷиронро дар кишвар коҳиш доданист, вале гумон аст, ки ба ин кор муваффақ гардад. Зеро то имрӯз дар кишвар ағлаби муҳоҷирон ғайриқонунӣ кору фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, ду сол қабл ҳангоми расмӣ кардани фаъолияти муҳоҷирон дар кишвар ҳамагӣ 165 ҳазор муҳоҷир сабти ном шуда буд. Ин дар ҳолест, ки шумораи воқеии муҳоҷирони корӣ ба маротиб бештар буд. Ин раванд, яъне фаъолияти ғайриқонунии муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон, тавре иқтисодшинос мегӯяд, минбаъд низ идома мекунад ва гумон аст, ки он комилан ҷилавгирӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG