Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли сад муҷрим дар Арабистони Саъудӣ


Соли равон бо ҳукми додгоҳ дар Арабистони Саъудӣ сад нафар ба қатл маҳкум шуданд. Рӯзи ҷумъа ҳукми эъдоми боз ду муҷрими дигар иҷро шуд. Дар Арабистони Саъудӣ барои рӯ тофтан аз дини Ислом, куштор, таҷовуз ба номус, ғорат бо истифода аз силоҳ ва қочоқи маводи мухаддир ҳукми қатл муқаррар шудааст. Соли гузашта бо ин иттиҳомот дар кишвар 153 нафар ба қатл расида буданд.

XS
SM
MD
LG