Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил гузаргоҳҳо бо навори Ғазаро боз кард


Имрӯз Исроил гузаргоҳҳои марзӣ бо навори Ғазаро барои рафтуои нақлиёт боз кард. Аз ин пеш сарвазири Исроил Еҳуд Олмерт ба гурӯҳи ҲАМОС барои охирин бор ҳушдор дода буд, ки ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Исроилро қатъ кунад, дар акси ҳол ҲАМОС "баҳои сангин пардохт хоҳад кард". Еҳуд Борак, вазири дифоъи Исроил хабар дод, ки тасмим дар мавриди боз кардани гузаргоҳҳо бо навори Ғаза фақат ба хотири интиқоли молу маводи муҳими башарӣ гирифта шудааст. Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа 90 мошини боркаш бо озуқа ва дигар молу маводи мавриди ниёзи мардум вориди навори Ғаза шавад.

XS
SM
MD
LG