Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба корвони низомӣ дар Ҳирот


Дар шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон як маргталаб худро дар канори корвони мошинҳои низомӣ инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса ду хориҷие, ки тибқи қарордод дар муассисаҳои ғайринизомӣ кор мекарданд, маҷрӯҳ шуданд. Ҳайати фармондеҳии ИМА айни ҳол ҳуввияти ин шаҳрвандонро тафтиш мекунад. Ба гуфтаи шоҳидон, бар асари инфиҷор ҳамчунин ду зани афғон ҷароҳати сабук бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG